Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саммити ПАД имрӯз дар Маскав шурӯъ мешавад


Имрӯз дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ оғоз ба кор мекунад. Амнияти минтақа ва асароти бӯҳрони саросарии молӣ аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ин нишаст хоҳанд шуд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ 7 кишвари шӯравии собиқ – Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз ширкат дар ин нишаст худдорӣ кард, вале дирӯз ин тасмимашро тағйир дод ва озими Маскав шуд. Қарор аст, дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё низ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG