Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиё - хатарноктарин макон барои журналист


Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот дар гузориши ҷадидаш Осиёро хатарноктарин қаламрав барои фаъолияти хабарнигорӣ унвон кард. Қораи Осиё дар ин “сабқат” Ховари Миёнаро дар мақоми аввал танг кардааст. Бино ба ин гузориш, тайи як соли гузашта дар Осиё 26 журналист кушта шуданд. Аз ҷумла 6 нафар - дар Покистон. Соли гузашта дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон 66 хабарнигор кушта шудаанд, ки назар ба 93 хабарнигори як сол қабл кушташуда камтар аст. Бузургтарин теъдоди журналистон – 14 нафар – соли гузашта дар Ироқ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG