Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват аз Туркманистон ба раҳоии маҳбусини сиёсӣ


8 гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар аз Туркманистон даъват кардаанд, маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳояш раҳо кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар як номаи саркушода унвонии раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, вижатан раҳоии Аннақурбон Амонқиличев ва Сафардурдӣ Ҳоҷиевро тақозо кардаанд. Он ду нафар се сол пеш бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо як шабакаи телевизионии Фаронса барои бардоштани як филми мустанад дар бораи Туркманистон ҳар кадом 7-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчунин хостори таҳқиқи парвандаи марги хабарнигори Радиои Озодӣ Уғулсафар Муродова шуданд. Муродова дар соли 2006 дар зиндон
XS
SM
MD
LG