Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскаву Минск ба паймони дифоъӣ имзо карданд


Русия ва Беларус бо имзои як қарордод ҷиҳати эҷоди низоми муштараки дифоъи ҳавоӣ тасмим гирифтанд. Ин созишнома ба дунболи мулоқоти руъасои ин ду ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва Аляксандр Лукашенка дар Маскав имзо шуд. Ҷузъиёти бештари қарордод ҳанӯз дастрас нест. Аммо Медведев дар оғози музокирот гуфт, ин паймони зарфиятҳои дифоъии ҳарду кишварро ба таври назаррас тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG