Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши вазорати хориҷаи Амрико ба баёнияи Боқиев


Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, бо вуҷуди муҳим будани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манаси Қирғизистон, баста шудани он ба амалиётҳои нирӯҳои Амрико дар Афғонистон латма нахоҳад зад. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шоми сешанбе дар Маскав дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев эълон кард, ки мавзӯъи бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манас дар дасти баррасӣ қарор дошта, Бишкек тасмимаш дар ин мавридро ба зудӣ эълом мекунад. Боқиев гуфт, Қирғизистон масъалаи ҳаққи истифода аз ин пойгоҳро бо Амрико матраҳ карда, вале то ҳол ба натиҷае нарасидааст. Сухангӯи Пентагон Ҷефф Морелл аммо гуфт, музокироти масъалаи ҳаққи истифода аз пойгоҳи Манас ҳанӯз идома дорад ва Амрико умедвори идомаи истифодааш аз он пойгоҳ аст. Дар мулоқоти Маскав Русия ба Қирғизистон ҳамчунин ваъдаи тақрибан 2 миллиард доллар қарзу кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG