Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби сомонӣ боз ҳам пойин рафт


Қурби доллар нисбат ба сомонӣ боз ҳам боло рафта, акнун як доллар ба 3 сомонию 85 дирам баробар шудааст. Як далели чунин уфтодани қурби сомонӣ пойин бурдани фоизи баргаҳои қарз аз ҷониби Бони миллии Тоҷикистон будааст. Дар тавзеҳи мақомоти бонк гуфта мешавад, ки дар марҳилаи кунунӣ поин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллар ба нафъи иқтисоди кишвар аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки поин рафтани қурби сомонӣ боз ҳам идома карда, боис ба гарон шудани нархҳо мешавад ва ба вазъи зиндагии мардуми камбизоати кишвар зарбаи ҷиддӣ мезанад. Қурби сомонӣ тайи моҳҳои охир нисбат ба доллар тақрибан 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG