Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуллаи "Латвияи советӣ" табдили ном кард


Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, номи қуллаи «Латвияи шӯравӣ» бо номи қуллаи Латвия иваз карда шуд. Барои бори нахустин ин қулла аз сӯи шаҳрванди Латвия фатҳ шуда буд. Гурӯҳи кӯҳнавардони Латвия зери раҳбарии Имант Эгбертс ин қуллаи 6218-метраро ҳанӯз дар соли 1960 фатҳ карда буд ва ба шарафи онҳо ин қулла он замон номи Латвияи шӯравиро гирифт. Табдили исми ин қулла дар арафаи сафари ҳафтаи ояндаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Латвия сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG