Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо дар мавриди партоби моҳвораи Эрон


Мақомоти Амрико мегӯянд, ба мадор партоб шудани “Умед”, нахустин моҳвораи сохти Эрон мояи нигаронист, чунки ин фанновариҳо метавонанд дар рушди мушакҳои раҳбурдӣ низ истифода шаванд. Бритониё ва Олмону Фаронса низ дар ин маврид изҳори нигаронӣ кардаанд. Эрон рӯзи сешанбе эълон кард, ки нахустин моҳвораи сохти худи ин кишварро тавассути мушаки моҳворабари “Сафир-2” бомуваффақият ба мадор партоб кардааст.
XS
SM
MD
LG