Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев: "Бишкек пойгоҳи Амрикоро мебандад"


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шоми сешанбе дар Маскав дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев эълон кард, ки мавзӯъи бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манасро дар дасти баррасӣ қарор дошта, Бишкек тасмимаш дар ин мавридро ба зудӣ эълом мекунад. Боқиев гуфт, Қирғизистон масъалаи ҳаққи истифода аз ин пойгоҳро бо Амрико матраҳ карда, вале то ҳол ба натиҷае нарасидааст. Сухангӯи Пентагон Ҷефф Морелл дар нахустин вокуниш пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манасро барои таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон фавқулодда муҳим хонд ва гуфт, Амрико умедвор аст, ки истифода аз ин пойгоҳро идома диҳад. Морелл афзуд, музокироти масъалаи ҳаққи истифода аз пойгоҳи Манас ҳанӯз идома дорад. Дар мулоқоти Маскав Русия ба Қирғизистон ҳамчунин ваъдаи тақрибан 2 миллиард доллар қарзу кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG