Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси порлумон мухолифи таъхири интихобот аст


Юнуси Қонунӣ-раиси Маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон мегӯяд, тасмим дар бораи ба таъхир андохтани интихобот дар Афғонистон ғайриқонунист. Қонунӣ аз президент Ҳомид Карзай хостааст, ки кумиссиюни тавзеҳот ва назорат бар Қонуни асосиро даъват ва ин мавзӯъро баррасӣ кунад. Юнуси Қонунӣ, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2004 баъд аз Ҳомид Карзай мақоми дувумро ба даст овард, дар иҷлоси порлумон гуфтааст, ки кумиссиюни интихоботӣ ҳақ надорад интихоботро ба таъхир андозад. Тибқи қонун интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон бояд моҳи май баргузор шавад. Вале кумиссиюни интихоботӣ гуфтааст, ки бо назардошти масъалаҳои амниятӣ ин интихобот 20-уми август баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG