Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Амрико хостори ҳамкории наздик шуданд


Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, Сергей Лавров бо хонум Ҳилларӣ Клинтон ба тавофуқ расидаанд, ки роҷеъ ба масъалаҳои калидии стротегӣ ҳамкории наздик дошта бошанд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки Лавров ва Клинтон дар ин бора имрӯз бо ҳам телефонӣ сӯҳбат кардаанд. Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ба шумули масъалаҳои марбут ба музокироти стротегӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин масъалаҳои кунунии байналмиллалӣ, аз қабили вазъи Афғонистонро ёдовар шудаанд. Баъд аз ҷанги кӯтоҳи Русия бо Гурҷистон дар тобистони соли гузашта муносиботи Маскаву Вошингтон ба сардӣ гароид. Аммо ҳам Маскав ва ҳам Вошингтон изҳори умед кардаанд, ки баъд аз интихоби Барак Обама ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико ба муносиботи худ оғози дубора хоҳанд бахшид.
XS
SM
MD
LG