Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон баъди баёнияҳои зиддинақиз дар мавриди ширкаташ дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД ва ЕврАзЕС билохира озими Маскав шуд.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ин хабарро ба Радиои Озодӣ таъйид кард.

Рӯзи 2 феврал қарор буд раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар Маскав мулоқот анҷом диҳад. Ин мулоқот баргузор нашуд ва ба нақли қавл аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели бӯҳрони амиқи энержӣ дар кишвар даҳаи аввали моҳи феврал тамоми сафарҳояш ба хориҷро лағв кардааст.

Эмомалии Раҳмон баъд аз Маскав бояд ба кишварҳои соҳили Балтик сафар кунад. Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, сафари раисҷумҳур ба кишварҳои соҳили Балтик низ сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бӯҳрони энержиро баҳона кардани мақомоти Тоҷикистон далели як қадар ғайримантиқӣ аст. Исмоил Ҳикматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, мегӯяд, бӯҳрони энержӣ далели заъфи ҳукумати Тоҷикистон аст ва онро ба намоиш гузошта, Узбакистонро муттаҳам кардан маъно надорад. Оқои Ҳикматов афзуд, ҳузури раисҷумҳур Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё ЕврАзЕС амри ҳатмист, зеро дар ҳоли ҳозир дигар маҳфилеро наметавон пайдо кард, ки ин ё он масъалаи миёни кишварҳои узв ҳалли худро ёбад. Вай афзуд, лағви мулоқот бо раисҷумҳури Русия нишон дод, ки дуҷониба ҳал шудани масоил низ роҳи боэътимод нест.

Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, ширкат кардани раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишастҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муаммо набуд, зеро Душанбе барои ҳалли масоили минтақа ва дохилии худ маҳз дар ин созмонҳо метавонад ба суолҳояш посух гирад. Вай афзуд, имрӯз ки кишвари меҳварии ин созмонҳо – Русия дар масъалаи оби минтақа аз Узбакистон бар хилофи Тоҷикистону Қирғизистон ҳимоят кард, Эмомалии Раҳмон аз ин нишаст бояд ба суолҳои худ ба Тошканду Маскав посух гирад ва рафтани ӯ ба Мскав ин заминаро фароҳам кардааст.

Иддаи дигаре аз коршиносон мегӯянд, дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳузури фақат раисони ҷамоҳир ба ҳисоб гирифта мешавад, аз ин хотир, раисҷумҳури Тоҷикистон дигар илоҷ надошт. Онҳо мегӯянд, ин амали ӯ беэҳтиромӣ ва пушт гардондан ба дигар кишварҳои узв, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон мебуд, ки Тоҷикистон бо онҳо равобити ҳасана дорад.

Дахолати раисони ин ҷамоҳир ва зангҳои телефонии онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати моил кардани ӯ барои ширкат дар нишасти ғайринавбатии созмонҳоро низ коршиносон баъид намедонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG