Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Қирғизистон вориди Маскав шуд


Имрӯз Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон барои музокира бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия вориди Маскав шуд. Кохи Кремл гуфтааст, дар ин музокирот ҳамкориҳои низмиву сиёсӣ , кӯмак ба Қирғизистон ва тарҳҳои марбут ба иҷоди зербанои Қирғизистон баррасӣ хоҳанд шуд. Бино ба гузоришҳо, зоҳиран ҳар ду ҷониб 2 миллион доллар қарзи Русия ба Қирғизистонро баррасӣ мекунанд. Пагоҳ оқои Боқиев дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии АвруОсиё дар Маскав ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG