Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Белорус роҳҳои дифоъи ҳавоиро меҷӯянд


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, Русия ва Белорус роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳои амниятӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахши дифоъи ҳавоиро, ҷустуҷӯ мекунанд. Медведев дар оғози музокирот бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Белорус дар Маскав гуфт, ки онҳо омодаанд бо ҳамтои Белоруси худ қарордодҳои нав имзо кунанд. Моҳи ноябр Русия қавл дода буд, ки ба Белорус як миллиард доллар қарз медиҳад. Ҳоло Русия мегӯяд, як миллиард доллари дигар ба он илова хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG