Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вилояти Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба бозгаштҳои оммавии муҳоҷирони корӣ тасмим гирифтааст, дар соли равон шумори ҷойҳои холии кориро дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон бамаротиб бештар таъсис бидиҳад.

Таъсири манфии бӯҳрони саросарии молӣ боис ба он шудааст, ки шумори қобили мулоҳизаи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар аз мавзеъи кори худ маҳрум гардида, водор ба бозгашт ба ватан шудаанд. Танҳо дар 10 рӯзи аввали соли 2009-ум якуним ҳазор муҳоҷири сокини водии Вахш аз тариқи ҳавопаймо ба зодгоҳҳои худ баргаштаанд. Дар ҳоле ки бар асоси омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз кишвар танҳо ҳудудан 155 ҳазор сокини вилояти Хатлон мардикорӣ мекардаанд.

Агар бонкҳо ба коҳиши назарраси мизони маболиғи интиқолии муҳоҷирон аз хориҷа таъкид мекунанд, мақомот дар навбати худ, ғарқи андешаи пайдо кардани шуғл ба мардикорони бозгашта мебошанд. Масъулини раёсати умури дохилаи Хатлон ҳадс мезананд, ки муҳоҷирони кории ба ватан баргашта агар ба зудтарин фурсат ба коре машғул дошта нашаванд, ба гумони ғолиб, мизони ҷинояткорӣ дар вилоят боло хоҳад рафт.

Мақомоти расмии Хатлон мегӯянд, як роҳи аслии ҷилавгирӣ аз мавҷи бекории оммавӣ ва машғул доштани даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории баргашта ҷалби онҳо ба умури саҳроӣ мебошад.

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, дар тамоми вилояти Хатлон шумори аз ҳама ками сокиноне, ки ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, аз ин ноҳия будаанд. Ба гуфтаи оқои Сайдалиев, феълан танҳо ду ҳазор сокини Данғара дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, ки дар ин миён бонувон набудаанд. Аммо раиси Данғара мегӯяд: «Ғолибан танҳо мардони танбал ба муҳоҷират рафтаанд, вагарна, ҷойи кор, замини холӣ барои корҷӯёну иштиёқмандон дар Данғара хеле зиёд аст.»

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, агар дар соли сипаришудаи 2008-ум дар ҷануби кишвар 30 ҳазор ҷойи холи корӣ таъсис ёфта бошад, имсол бо назардошти бозгаштҳои оммавии муҳоҷирон тасмим гирифта шудааст, ки то 80 ҳазор ҷойи кори нав ташкил дода шавад. Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, мегӯяд, ба раҳбарони ҳукуматҳои ҳама 25 шаҳру ноҳия дастур дода шудааст, ки дар як моҳ ду маротиба ярмаркаи ҷойҳои холи корӣ доир карда, шумори ҳарчи бештари бекоронро ба кор фаро бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, аммо гуфта мешавад, ки ҳақмузди миёна барои иҷрои коре, ки дар ярмаркаҳо пешниҳод мегардад, на беш аз 50 доллари амрикоиро ташкил медодааст, ки табиист, тақрибан ҳеҷ як нафареро, ки то ин замон дар муҳоҷирати корӣ буду дастмузди хубе дошт, қаноатманд карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG