Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён пули Хайбарро хароб карданд


Субҳи имрӯз шӯришиён дар Ағбаи Хайбар, воқеъ дар шимоли ғарби Покистон пулеро мунфаҷир ва роҳи аслии икмолот барои нируҳои ғарбӣ дар Афғонистонро хароб карданд. Фазллуллоҳ Шинворӣ-хабарнигори мустақил ҳангоме, ки аз маҳали ҳодиса бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, дар ин бора чунин гуфт:

"Ҳазорон нафар баъд аз инфиҷори пул дар ҳар ду ҷониб мунтазаир мондаанд. Дар миёни онҳо на танҳо мақомот, балки мардуми маъмулӣ низ ҳастанд, ки мехоҳанд ба тарафи дигар бигзаранд. Занону кӯдакон низ ҳастанд".

Қисмати аслии маводи зарурӣ барои нируҳои Амрико дар Афғонистон аз ин масир ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Вале ҳамлаҳои шӯришиён ба корвонҳои ҳомили мавод моҳҳои ахир дар ин кор халал ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG