Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи бамгузориҳои интиҳорӣ дар Кобул ифшо шуд


Хадамоти кашфи Афғонистон мегӯянд, ки онҳо як шабакаи бамгузорони интиҳориро ифшо кардаанд, ки идаъо мешавад масъули шаш ҳамла дар Кобул будаанд. Дар ин ҳамлаҳо 20 нафар кушта шудаанд. Саид Ансорӣ-сухангӯи Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон мегӯяд, 17 нафаре, ки дар давоми ду соли ахир дар шаш ҳамлаи интиҳорӣ даст доштаанд, боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ба гуфтаи оқои Ансорӣ, ин 17 нафар бо гурӯҳи ҷиҳодии Ҳаракт-ул-Муҷоҳидин дар Покистон ва бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ-раҳбари шӯришиён дар шарқи Афғонистон иртибот доштаанд.

XS
SM
MD
LG