Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон моҳвораи миллии худро ба кайҳон партоб кард


Эрон мегӯяд, ки нахустин моҳвораи худро бо номи "Умед" ба мадори замин партоб кардааст. Ин моҳвора комилан сохти худи Эрон будааст. Радио ва телвизюни давлатии Эрон гуфтаанд, ки моҳвораи "Умед" тавассути моҳворабари "Сафир-2" ба фазои кайҳон интиқол дода шудааст ва бомуваффақият дар мадори замин ҷой дода шудааст. Бино ба гузоришҳо, ин моҳвора аз таҷҳизоти гирдоварии маълумот ва озмоиши таҷҳизот иборат аст. Партоби моҳвораи "Умед" бо 30-юмин солгарди Инқилоби Исломии Эрон мусодиф аст. Партоби моҳвора ҳамчунин дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки Эрон таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад ва кишварҳои Ғарбӣ шак доранд, ки Эрон метавонад ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст ёбад.

XS
SM
MD
LG