Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав меравад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии АвруОсиё ба Маскав меравад. Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

"Пагоҳ дар пойтахти Русия мулоқоти сарони давлатҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии АвруОсиё баргузор мегардад, ки дар он ҷо президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард".

Пешбинӣ шуда буд, ки 2-юми феврал дар Маскав мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия баргузор шавад. Вале ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сабаби вазъи пешомадаи бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон аз ин мулоқот худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG