Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл ҳамчунон башиддат пойин меравад


Қурби рубли русӣ дар муқобили доллару евро ҳамчунон босуръат пойин рафта, акнун ба ҳадди ниҳоии коридоре, ки Бонки марказии Русия таъйин карда буд, наздик мешавад. Як доллар акнун болиғ аз 36 рубл шуда, қурби евро аз марзи 46 рубл гузашт. Тайи 7 моҳи охир ба иллати уфти қимати нафт ва рукуди иқтисоди Русия, қурби рубл беш аз 30 дарсад пойин рафт. Русия дар зарфи чанд моҳи охир ба хотири ҳифзи қурби рубл ҳудуди 200 миллиард доллар масраф кардааст, ки баробари сеяки захираи тилову арзи он кишвар аст.
XS
SM
MD
LG