Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО истифода аз Эронро истисно намекунад


Генерал Ҷон Краддок, фармондеҳи аршади нирӯҳои паймони низомии НАТО дар Афғонистон гуфт, ӯ мухолифи он нест, ки кишварҳои алоҳидаи узви эътилоф ба хотири таъмини нирӯҳояшон дар Афғонистон аз қаламрави Эрон истифода баранд. Ин дар ҳолест, ки Яап де Ҳуп Схеффер, дабири кулли НАТО, чанд рӯз пеш аз Амрико ва кишварҳои дигари узви эътилоф даъват кард, ба хотири таъмини ҳимояти минтақа аз набард дар Афғонистон кишварҳои ҳамҷавораш, аз ҷумла Эронро ҷалб кунанд. Дастрасӣ ба масирҳои алтернативӣ ба сӯи Афғонистон дар соли ҷорӣ аҳамияти бештар касб мекунад, чунки Амрико мехоҳад шумори нирӯҳояш дар он кишварро ду маротиба афзуда, ба 60 000 сарбоз бирасонад. Ва ин дар ҳолест, ки масири аслии таъмини нирӯҳои байналмилалӣ дар ағбаи Хайбари Покистон ҳадафи ҳамалоти афзояндаи ҷангиён қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG