Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори кушташудаҳо дар Урузгон ба 21 расид


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як бамбгузори маргталаб, ки либоси пулис ба тан дошт, худро дар дохили як сохтмони пулис дар вилояти ҷанубии Урузгон мунфаҷир кард. Бар асари ин ҳамла 21 афсари пулис кушта ва дасти кам 8 тани дигар захмӣ шуданд. Раҳбари пулиси минтақа Ҷумъагул Ҳиммат гуфт, таркиш сохтмони пулис дар шаҳри Тирин Котон, маркази маъмурии вилояти Урузгонро низ тахриб кард. Ӯ афзуд, ки ҳамлагар ходими пулис набуд, вале дар тан либоси пулис дошт. Масъулияти ҳамлаи хунин дар Тирин Котонро чирикиҳои толиб бар ӯҳда гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG