Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ливнӣ Ҳамосро аз имкони зарбаҳои нав ҳушдор дод


Вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ изҳор дошт, то замоне ки Ҳамос ба ҳамлаҳояш алайҳи Исроил идома медиҳад, кишвари ӯ зарбаҳояш болои ин гурӯҳро низ идома хоҳад дод. Ин изҳороти хонум Ливнӣ ба дунболи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба навори Ғазза, ки як ҷангиро кушта барҷой гузошт, пахш шуд. Ин дар ҳолест, ки дирӯз қаблан вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак гуфт, Исроил қасди анҷоми кадом амалиёти ҷадиди густарда дар навори Ғаззаро надорад. Амалиёти ахири нирӯҳои Исроил дар ин бахши сарзаминҳои фаластинӣ 22 рӯз идома карда, мунҷар ба ҳалокати тақрибан 1300 фаластинӣ шуд.
XS
SM
MD
LG