Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кафшандозӣ алайҳи Вен Ҷибао дар Кэмбриҷ


Як эътирозгар ҳангоми суханронии сарвазири Чин дар Донишгоҳи Кэмбриҷи Бритониё кафшҳои худро ба сӯи Вен Ҷибао ҳаво дод. Аммо кафш аз Вен Ҷибао тақрибан як метр хато хӯрд. Сарвазири Чин дар Кэмбриҷ дар бораи асароти бӯҳрони саросарии молӣ сухан меронд. Эътирозгар, ки аз сӯи маъмурони амниятии донишгоҳ боздошт шуд, ҳуштаккашон шиор медод, ки “Чӣ гуна ин донишгоҳ худро мисли фоҳиша ба ин диктатор мефурӯшад?” Дар моҳи декабр як журналисти ироқӣ ҳамин тавр кафшҳои худро ба рӯи раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш андохта буд.
XS
SM
MD
LG