Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудия боздошти 83 нафарро аз Интерпол хост


Арабистони Саудӣ феҳрасти асомии 83 нафари таҳти пайгардро нашр кард, ки ғолибан дар хориҷ ба сар мебаранд ва Ар-Риёз бештар аз ҳама ташнаи боздошти онҳост. Саудия аз Интерпол хостааст дар амри боздошти ин афрод мусоидаташ кунад. 6 шаҳрванди Саудӣ, ки исмашон дар ин феҳраст омадааст, қаблан дар Гуантанамо таҳти боздошт қарор дошта, вале аз он ҷо раҳо шудаанд. Телевизиони Арабистони Саудӣ исми ҳамаи ин 83 нафарро, ки ба истиснои ду яманӣ боқӣ атбоъи Саудиянд, эълон кард ва бо ишора ба шабакаи Ал-Қоида гуфт, ки онҳо ақидаҳои бегонаро таблиғ мекунанд.
XS
SM
MD
LG