Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Э Раҳмон аз Русия лағв шуд


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври ғайричашмдошт боздиди худ аз Русияро лағв кард. Вай бояд имрӯз барои боздид аз Русия ва мулоқот бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури ин кишвар вориди Маскав мешуд. Оқои Раҳмон лағви боздиди худро ба душвориҳои энержӣ дар зимистон иртибот додааст. Мӯсо Асозода-раиси Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, лағви сафари имрӯзи раиси ҷумҳури мо муносибатҳои ояндаи моро халалдор намесозад. Мумкин ин сафар ҳафтаи оянда ё вақти дигар анҷом гириад, вале раҳбарои мо бо раҳбари Русия мулоқот анҷом хоҳад дод. Аммо таҳлигарони дигар мегӯянд, решаҳои ин мушкил мубоҳисот роҷеъ ба сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун аст. Солҳо Русия ваъда медод, ки барои рафъи мушкили энержӣ кӯмак ва дар сохтмони Роғун ширкат мекунад, вале ин ваъдаҳо бештар аз нақша замони тулонитарро дар бар гирифтааст.

XS
SM
MD
LG