Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз Қирғизистон дархост кард, Манасро набанданд


Паймони НАТО мегӯяд, "муттаассиф" хоҳад буд, агар мақомоти Қирғизистон дар бораи бастани пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон дастуре содир кунанд. Ин пойгоҳ ба икмолоти амалиёти нируҳои ин паймон дар Афғонистон машғул аст. Роберт Саймонз-намояндаи ин паймон барои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар ин бора дар Бишкек баёния содир кард ва гуфт:

"Ба таври маълум, агар мо натавонем аз фурудгоҳи Манас истифода кунем, дар таъмину икмолоти нируҳои мо дар Афғонистон мушкил пеш хоҳад омад ва мо аз он муттаасссиф хоҳем буд".

Дар моҳҳои ахир дар Бишкек чанд тазоҳурот баргузор шуд ва ширкаткунандагон бастани пойгоҳи Манасро тақозо карданд. 19-уми январ генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон гуфт, мақомоти Қирғизистон вайро мутмаъин сохтаанд, ки онҳо нақшаи бастани пойгоҳи Манасро надоранд.
XS
SM
MD
LG