Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеаи ҳамкории НАТО бо Қирғизистон


Роберт Симмонс, фиристодаи хоси дабири кулли НАТО, ҳини дидор аз Бишкек
Роберт Симмонс, фиристодаи хоси дабири кулли НАТО, ҳини дидор аз Бишкек

Роберт Симмонс, фиристодаи хоси дабири кулли НАТО, ки бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Бишкек шудааст, якчанд дидору мулоқотҳоеро бо мақомоти баландпояи ин кишвар анҷом дод.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин дидору мулоқотҳо масъалаҳое матраҳ карда шуданд, ки рушди ҳамкориҳои миёни НАТО ва Қирғизистонро дар чаҳорчӯби барномаҳои муштарак беш аз пеш вусъат хоҳанд бахшид. Роберт Симмонс рӯзи душанбе тайи як нишасти хабарӣ гуфт, ки созмони Атлантики шимолӣ бо Қирғизистон дар чаҳорчӯби барномаи «Ҳамкорӣ барои сулҳ» 15 сол пеш робита барқарор кардааст. Вай афзуд, ки баъди мулоқот бо ноиби аввали нахуствазири Қирғизистон ва раиси хадамоти марзбонии ин кишвар итминон ҳосил намуд, ки ин ҳамкорӣ беш аз пеш вусъат хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Роберт Симмонс, дар ин дидору мулоқотҳо бо мақомоти Қирғизистон онҳо ҳамчунин таҳдиди терроризми байнулмилалӣ, маводи мухаддир ва тундгароиро ба доираи баҳсу баррасӣ кашиданд, ки дар радифи НАТО ва Қирғизистон соири кишварҳои ҷаҳонро ба нигаронии сахт мувоҷеҳ кардааст. Ба қавли ӯ, созмони Атлантики шимолӣ ифтитоҳи пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистонро ҳаргиз мадди назар нагирифтааст.

Бар асоси суханони Роберт Симмонс, аммо ИМА ба ҳайси узви эътилофи зидди террор аз майдони ҳавоии Манаси Қирғизистон истифода мекунад. Вай гуфт, ки мақомоти НАТО аз чунин ҳамкории Қирғизистон борҳо эътироф кардааст ва саҳми Қирғизистон низ дар мубориза бо таҳдидҳои терроризм, маводи мухаддир ва экстремизм маҳз тавассути ин майдони ҳавоияш сурат мегирад.

Бино ба гуфтаи фиристодаи хоси Дабири кулли НАТО, агар ҳукумати Қирғизистон дар мавриди берун кашидани нерӯҳои эътилофи зидди террор аз хоки ин кишвар иқдом намояд, он гоҳ ин иқдоми ҳукумати Қирғизистон фақат боиси таассуфи НАТО хоҳад буд. Вай афзуд, зеро таҳдиди терроризм, маводи мухаддир ва тундгароӣ фақат ба НАТО ва ё ИМА нигаронида нашудааст ва ин проблемаи умумбашарист.

Тибқи барномаи сафари Роберт Симмонс рӯзи сешанбе чанд дидору мулоқотҳои вай бо мақомоти марбутаи Қирғизистон мадди назар аст. Рӯзи душанбе дар Акдемияи дипломатии вазорати хориҷаи Қирғизистон маросими ифтитоҳи як китобхонаи вижа ба вуқӯъ пайваст. Ин ктобхона бо ибтикори НАТО раҳандозӣ шуда, муштариён аз хазинаи ин киобхона ройгон истифода хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG