Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати шатранҷбозони тоҷик дар «Moscov Open-2009»


Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов ва Зариф Сафоев дар ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Панҷумин давраи ин ҷашнвора бо ширкати беш аз якуним ҳазор шатранҷбоз, ки барои ин мусобиқот шумораи рекордист, дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии шаҳри Маскав ҷараён дорад. Дар байни ширкаткунандагони ҷашнвора беш аз 100 нафар гроссмейстерҳо аз 20 кишвари ҷаҳон, ба монанди, Русия, Арманистон, Чин, Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайра ҳастанд.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов дар сабқати «А» пас аз 2 давр 1,5 имтиёз ба даст овардааст ва байни 275 нафар дар ҷои 41-ум қарор гирифтааст. Вай нахуст бозиашро бо гроссмейстер Алексей Илюшин, аз Русия, мусовӣ анҷом дод. Шатранҷбози тоҷик дар даври дуввум бар намояндаи дигари Русия устоди байнулмилалӣ Давид Гочелашвили пирӯз шуд. Ҳарифи Фаррух Амонатов дар даври севум гроссмейстер Дмитрий Гуревич, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мебошад.

Сабқати «А», ки аз 9 давр иборат аст, 8-уми феврал ба анҷом мерасад. Маблағи ҷавоизи ҷашнвора 7 миллион рубли русиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба ғолиби сабқати «А» 500 ҳазор рубл супурда мешавад. Воқеъан, Фаррух Амонатов аввалин барандаи ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open» дар соли 2005 мебошад.

Вале шатранҷбози дигари тоҷик Зариф Сафоев дар сабқати «В» дар ҳарду бозӣ аз намояндагони Русия Антон Логинов ва Вадим Розкован мағлуб шуд. Зариф дар даври севум бо шатранҷбози рус Александр Антонов бозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG