Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон ба Тоҷикистон кӯмаки ғизоӣ мекунад


Имрӯз намояндагии Барномаи Хорбори СММ дар Тоҷикистон бо сафорати Ҷопон дар Душанбе дар бораи кӯмак ба қишрҳои камбизоъати Тоҷикистон мувофиқатномае имзо карданд. Малоҳат Шабанова-сухангӯи Барномаи Ҷаҳонии Хорбор дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

"Арзиши кӯмакҳои Ҷопон 4 милиёну 700 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои харидории 6 ҳазор тон орд ва 1200 тон маҳсулоти лӯбиёӣ истифода ва аз тариқи Барномаи Ҷаҳонии Хорбор ба ниёзмандон расонда мешавад".

Ин кӯмакҳо ба даврае дуруст меояд, ки мардуми Тоҷикистон дар сармои зимистон ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Барномаҳои кӯмаки СММ дар Тоҷикистон 1млиёну 200 ҳазор нафар ниёзмандонро фаро мегирад ва мизони умумии ин кӯмакҳо бештар аз 81 милиён доллар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG