Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи кушташудагон дар Урузгон ба 21 нафар расид


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, шумораи кушташудагони маркази омӯзишии пулиси вилояти Урузгон ба 21 нафар расидааст. Замарай Башарӣ-сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон дар ин бора мегӯяд:

"Муттаассифона, дастикам, 21 афсари пулис кушта шудаанд, 8 нафари дигар дар инфиҷои ин субҳ захмӣ шудаанд. Вазорати дохилаи Афғонистон ин амали террористиро сахт маҳкум мекунад".

Бино ба хабарҳои ахир, як бамгузори интиҳорӣ дар либоси корманди пулис вориди ин бино шудааст ва худро мунфаҷир сохтааст. Ҷумъагул Ҳиммат-раиси пулиси вилоят мегӯяд, ин ҳамла дар Тирин Котон-маркази идории ин вилоят анҷом гирифтааст. Ба гуфтаи Ҳиммат, дар ин инфиҷор 7-кормандони дигари пулис низ ҷароҳат бардоштаанд ва ҷароҳати баъзе аз онҳо ҷиддист. Аз шиддати инфиҷор чанд бинои атроф осеб дидааст. Толибон маъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG