Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Молдова 5-ӯми апрел интихобот баргузор мешавад


Имрӯз порламони Молдова бо райи худ рӯзи интихоботи порламониро таъйин кард. Тибқи райи порлмон ин интихобот 5-ӯми апрел баргузор мешавад. Порламони нав раиси ҷумҳури навро низ интихоб мекунад. Ҳоло Влодимир Воронин-раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда дорад ва тибқи қонун вай наметавонад бори севвум худро номзад пешбарӣ кунад. Вале вай талош дорад аз роҳҳои дигар дар сари қудрат боқӣ бимонад. Сару садоҳое дар гардиш аст, ки мумкин аст вай барои ба даст овадани семати нахуствазирӣ ё раёсати порламон талош кунад. Воронин аз раҳбарони собиқи куммунист дар давлати Шуравии пешин аст ва ҳоло ҳизби куммунисти вай бо 25-30 дарсад дар сафи пеши мубориза қарор дорад.
XS
SM
MD
LG