Пайвандҳои дастрасӣ

Корманди СММ дар Балуҷистони Покистон рабуда шуд


Пулиси Покистон мегӯяд, афроди мусаллаҳи номаълум дар аёлати Балуҷистон, воқеъ дар қисмати ҷануби ғарби ин кишвар як корманди ожонси СММ дар умури паноҳандагонро рабудаанд. Пулис мегӯяд, ин корманди рабудашуда бо номи Ҷон Солетский шаҳрванди Амрико будааст. Афроди мусаллаҳ мошини вайро дар Кветта нигоҳ доштаанд ва ронандаи вайро, ки шаҳрванди Покистон будааст, ҳадафи тир қарор додаанд. Хонум Амена Камол-сухангӯи СММ дар Исломобод куштори ронандаро таъйид кард ва гуфт, маҳали буду боши корманди СММ то ҳол маълум нест. Сафорати Амрико мегӯяд, мақомоти расмии Амрико ин ҳодисаро пайгирӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG