Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исқуфи аъзами нави Русия


Калисои Русия бо анҷоми як маросим митрополит Кирилро расман ба маснади асқафи аъзами ин калисо нишонд.

Митрополит Кирил баъд аз 15 дақиқа занг задани зангулаҳои калисои Исои Масеҳи наҷотбахш савори лимузин вориди ин маъбад шуд.

Тибқи анънаи маъруфи мардуми рус митрополитро дар даромадгоҳи ибодатгоҳ бо нону намак пешвоз гирифтанд.
Исқуфони аршад бо як овоз калимаи юнонии “Аксиос” яъне “Лоиқ аст”-ро нидо мекарданд ва ин нидои онҳо маънои ба расмият пазируфта шудани митрополит Кирил ба ҳайси Асқафи калисои православии Маскав ва кулли Русияро дошт.

Дар маросими ботантанае, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ зинда пахш шуд, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев, нахуствазир Владимир Путин ва дигар мақомоти расмии Русия ва кишварҳои собиқ шуравӣ ширкат намуданд.

Зимни суханрониаш Кирил гуфт, ки ба қалби насли ҷавон овардани имон ба Худованд ва эҳёву таҳкими ваҳдати калисоро аз ҳадафҳои умдаи худ медонад. Вай афзуд, ки муколама бо калисоҳои собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар калисоҳои насронии дунёро тавсеъа мебахшад.

Митрополити Смоленск ва Калининград Кирил, ки баъд аз даргузашти асқафи православии Русия - Алексей раҳбарии муваққатии калисоро ба зимма дошт, 27 январ дар натиҷаи райъдиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои Калисои православии рус асқафи аъзами калисои Маскав ва кулли Русия интихоб шуд.

Ин нахустин интихоботи асқафи калисои православи рус баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 буд, ки замони ҳукуматдории собиқ раисиҷумҳур Владимир Путин равобиташ бо Кремлин бе ниҳоят тақвият ёфт.

Ба ақидаи таҳлилгарон, Кирили 62-сола бештар ба мустақилият аз Кремл тамоюл дорад. Дар Русия ва саросари ҷаҳон Кирил ҳамчун ҷонибдори густариши равобит бо калисои насронии Рум маъруф аст. 20 соли охир Кирил раёсати бахши равобити хориҷии калисои православии Русияро бар уҳда дошт.

Калисои православии Русия яке аз бузургтарин калисоҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад ва теъдоди пайравонаш дастикам 160 миллион нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG