Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи овори киштие, ки 264 сол пеш ғарқ шуд


Ба бовари гурӯҳи пажӯҳишгарони амрикоӣ, онҳо шикастапораҳои “Викторӣ”, як киштии маъруфи ҷангии Бритониёро, ки беш аз 260 сол қабл дар гулӯгоҳи Ла-Манш ғарқ шуда буд, пайдо кардаанд. Интизор меравад, натоиҷи ин пажӯҳиш имрӯз дар Лондон эълон шавад. Коршиносон дороиеро, ки метавон аз ин киштӣ берун овард, бо шумули тилову тангаҳои қадима, миллионҳо доллар баровард мекунанд. Овори киштӣ, бино ба хабарҳо, дар обҳои байналмилалӣ кашф шудааст, вале ҳамчун киштии ҷангӣ он ба Бритониё марбут хоҳад шуд. Ин киштӣ, ки 53 метр тӯл ва 100 тӯпхона дошт, соли 1744 дар Ла-Манш бар асари тӯфон ғарқ шуд. Дар он сониҳа дасти кам 900 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG