Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби тасмими Эмомалӣ Раҳмон дар матбуот


Лағви сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав ва иштирок накардани ӯ дар нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва созмони АвроОсиё дар нашрияҳои чопи Русия бозтоби густарда касб кардааст. Нашрия “Время новостей” навиштааст, ки сабаби нарафтани президенти Тоҷикистон ва парҳези ӯ аз нишасти ин созмонҳо пуштибонииДмитрий Медведев аз мавқеи Ӯзбакистон дар нисбати тарҳҳои энержии Тоҷикистон аст.Медведев дар сафари ахири худ ба Тшшканд гуфт, ки сохтмони нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бояд бо созиши ҳамаи кишварҳо анҷом шавад. Ин нахустин маротиба аст, ки Президент Раҳмон аз ширкат дар як чунин нишаст дар доираи созмони Авроосиё ва Паймони амнияти дастаҷмъӣ худдорӣ мекунад, навиштааст нашрия. Аммо “Комерсант”, як нашрияи дигари чопиМаскав, зери сарлавҳаи “Президенти Тоҷикистон маҷбур кард, ки мунтазираш набошанд” навиштааст, бо вуҷуди талошҳои мукаррари ҷониби Русия президенти Тоҷикистон тасмими худ барои сафар ба Маскав, мулоқотҳояш бо Медведев ва иштирокаш дар ҳамоишҳои Маскавро рад накард. Ва ҳоло президент гӯё бо далели бурузи бӯҳрони энержӣ то 10 феврал ҳамаи сафарҳои худ ба хориҷа, аз ҷумла ба Маскавро намоишкорона лағв кард. Аммо, навиштааст нашрия, бӯҳрони энержӣ танҳо сафари ӯ ба Маскавро бекор кардааст, вале ба мусофиратҳои ӯ ба кишварҳои Аврупо ва соҳили Балтик, ки дуруст даҳуми феврал шурӯъ мешаванд, таъсир нагузоштааст. “Президенти Тоҷикистонро бӯҳрони энержӣ иҷоза нахоҳад дод, ки ба Маскав сафар кунад” навиштааст “Комсомолская правда”. Нашрря меафзояд, як чунин мавриде ки президенти Тоҷикистон дар саммити кишварҳои ПАД ва Авросиё ширкат накунад, бори аввал иттифоқ меафтад. Ба ин тартиб, тақрибан аксари нашрияҳои чопи Маскав аз лағви сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав, президенте, ки бузургтарин пойгоҳи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар кишвараш мустақар аст, ва маротибае ҳам дар нишасте бо ҳузури Русия дар қаламрави собиқи шӯравӣ ихтилоф надоштааст ва садҳо ҳазор аз шаҳрвандонаш ризқу рӯзии худро аз Русия дармеёбанд, бо таҳайюр ва тааҷҷуб матолиб мунташир кардаанд.
XS
SM
MD
LG