Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоз бо ширкати 3 миллион нафар дар Бангладеш


Анҷумани солонаи мусалмонон дар Бангладеш, мавсум ба Бисва Иҷтимоъ, бо намозгузории издиҳоми бузурге поён ёфт, ки бино ба ҳисобҳо, дар ин адои намоз ҳудуди 3 миллион нафар ширкат карда, бо талаби сулҳ ва шукуфои ҷаҳон даст ба дуъо бардоштанд. Он 5 километри мураббаъ майдоне, ки барои адои намоз ҷудо карданд, тавони гунҷонидани ҳама хоҳишмандони ширкат дар ин намози ҷамоатро надошт. Дар ин намоз раисиҷумҳури Бангладеш Ияҷуддин Аҳмад, сарвазир Шайх Ҳасин Вазид ва ҳамин тавр, раҳбари мухолифини Бангладеш Холида Зиё ширкат карданд. Ташкилкунандагонаш мегӯянд, дар ин ҳамоиши серӯза зоирин аз 105 кишвари дунё иштирок карданд.
XS
SM
MD
LG