Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Ғарб аз интихоботи Ироқ


Кишварҳои Ғарб аз асосан дар вазъи орому осуда баргузор шудани интихоботи рӯзи шанбе ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар Ироқ истиқбол карда, ин рухдодро комёбии демократия тоза пар бароварда дар Ироқ номидаанд. Вазорати хориҷаи Фаронса аз ҷумла аз он изҳори қаноат ва хушии комил кардааст, ки дар интихоботи ахир куллия ақшори мардум ширкат карданд. Он ҳам дар ҳоле ки бахши аъзами сунниҳои ироқӣ интихоботи соли 2005-ро таҳрим карда буданд. Сарвазири Бритониё Гордон Браун низ аз ироқиҳо истиқбол кардааст, бо вуҷуди тарсу ҳаросе, ки онҳоро додан мехостанд, ба интихобот рафтанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ интихоботи баргузоршуда дар Ироқро қадами муҳиме ба сӯи ояндаи он кишвар ном бурда, аз он истиқбол кардааст. Рӯзи шанбе дар 14 вилоят аз 18 вилояти Ироқ интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ доир шуд. Ва аммо мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи шанбе зери 60 дарсад, яъне хеле камтар аз интизороти мақомот будааст.
XS
SM
MD
LG