Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони коҳиш ёфтани кишти хашхош дар Афғонистон


СММ мегӯяд, интизор меравад, кишти хашхош дар Афғонистон имсол коҳиш биёбад. Гуфта мешавад, пойин рафтани нархи афюн ва баръакс афзудани қимати ғалла бархе деҳқонони афғонро ба қатъи кишти маводи мухаддир ташвиқ мекунад. Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти СММ дар арзёбии зимистониаш менависад, соли гузашта кишти хашхош танҳо дар 18 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон мушоҳида нашуд, вале имсол шумори чунин вилоёти орӣ аз майдонҳои кишти маводи мухаддир метавонад ба 22 бирасад. Соли гузашта беш аз 90 дарсади афюни ҷаҳон маҳз дар Афғонистон тавлид шуда буд.
XS
SM
MD
LG