Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зан бори аввал сарвазири Исландия мешавад


Исландия, ҷазиракишваре дар бахши аврупоии уқёнуси Атлантик, ки бӯҳрони саросарии молӣ сахт асобаташ кардааст, эълон кард, ки давлати нави ин кишварро барои нахустин бор сарвазири зан раҳбарӣ хоҳад кард. Йоҳанна Сигурдардоттир, намояндаи ҳизби сотсиал-демократ, раҳбари эътилофи чапҳои марказгарост, ки ин ташаккул ҳамроҳ бо ҳизби чапи сабз созмон додааст. Сарвазири пешини Исландия Гейр Ҳаарде рӯзи душанбеи гузашта дар пайи эътирозоти густардае, ки чанд ҳафта идома дошт, аз ин мақом истеъфо дод. Бӯҳрони иқтисодӣ пули миллии Исландияро шикаста, мунҷар ба шадидан боло рафтани мизони бекорӣ дар ин ҷазиракишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG