Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митрополит Кирилл ба роҳбарии калисо шурӯъ кард


Калисои православии Русия бо анҷоми як маросим митрополит Кириллро расман ба маснади асқафи аъзами ин калисо нишонд. Дар маросиме, ки дар калисои Исои Масеҳи Наҷотбахш дар Маскав доир шуд, раҳбарони сиёсии Русия, аз ҷумла раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин, низ ширкат доштанд. Митрополит Кирилл дар қалби насли ҷавон ҷой кардани имон ба Парвардигор ва эҳёи ваҳдати калисои православиро аз ҷумлаи ҳадафҳои умдаи раҳбарии худ номид. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар анҷумани калисои православӣ ба ҷойи Алексейи дуввум, ки моҳи декабр даргузашт, асқафи аъзами калисои православии Русия интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG