Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи "сангин"-и Исроил ба ҳамлаҳои мушакӣ


Нирӯҳои Исроил алайҳи ҳадафҳо дар навори Ғазза як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Ин амалиёт дар пайи ҷароҳат бардоштани ду сарбози исроилӣ ва як ғайринизомӣ бар асари ҳамлаҳои мушакие, ки рӯзи якшанбе аз навори Ғазза алайҳи Исроил анҷом шуд, сурат гирифтанд. Бино ба хабарҳо, дирӯз ҷангиёни фаластинӣ аз навори Ғазза алайҳи Исроил дасти кам 10 мушак партоб кардаанд. Нирӯҳои Исроил мегӯянд, як маҷтамаъи амниятии гурӯҳи Ҳамос ва нақбҳои қочоқӣ дар тӯли марзи Ғазза бо Мисрро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Шоми якшанбе сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт дар бораи посухи сангин ба ҳамлаҳои мушакӣ ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG