Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боймуҳаммад Ниёзӣ, сарояндаи маъруфи «Шашмақом», шаби 1-уми феврали соли 2009 дар синни 82-солагӣ дар натиҷаи баланд шудани фишори хун дар шаҳри Хуҷанд зиндагиро тарк гуфт.

Рӯзи якшабе бо баргузории як ҳамоиш аҳли ҳунар, шогирдону дӯстон ва мухлисону пайвандон дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо Боймуҳаммад Ниёзӣ видоъ гуфтанд. Худи ҳамин рӯз ҷанозаи ин ҳунарманди мумтоз ба хок супурда шуд.

Дар маросими хоксупории устоди фақиди мусиқӣ овозхони машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов, аз ҷумла, мутазаккир шуд, ки профессор Боймуҳаммад Ниёзӣ то охири умраш, то замоне ки беморӣ ӯро аз по наафканд, ба толибилмони факултаи ҳунари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дарси «Шашмақом» медод. Воқиъан, Б. Ниёзӣ ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов ҳанӯз 10 сол қабл дар заминаи ин факулта ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд»-ро таъсис дод.

Боймуҳаммад Ниёзӣ дар соли 1927 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Муаллифи 53 суруд аст, ки худ ба лаҳну усули хосса сурудааст. Ӯ аз ибтидои солҳои 60-и асри гузашта дар филармонияи кумитаи давлатии телевизиони Тоҷикистон овозхонӣ кардааст.

Дар солҳои 1980 – 1886 устоди Боймуҳаммад Ниёзӣ дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дарс мегуфт.

Дар авохири солҳои 80-уми асри гузашта ӯ ба шаҳри Хуҷанд баргашт ва то охири умр дар факултаи ҳунарҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз фанни «Шашмақом» дарс дод. Профессор Ниёзӣ аз тадвинкунандагон ва ба лентаи магнитофон сабткунандаҳои «Шашмақом» – мусикии миллии тоҷик – маҳсуб мешавад . Ҳамчунин, худ низ доир ба ин мусиқии безавол китобҳо таълиф намуд ва намунаҳое аз ашъори шоирони форсу тоҷикро бо оҳангҳои офаридаи худ месароид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG