Пайвандҳои дастрасӣ

Метрополит Кирилл дар курсии Асқафи Русия нишаст


Метрополит Кирилл дар маснади Асқафи Маскав ва кулли Русия нишаст. Маросими мутантани дар маснад нишастани ӯ имрӯз дар Ибодатгоҳи Масеҳи наҷотбахш дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар ин маросим тақрибан 4 ҳазор нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ширкат доштанд. Асқафи 16-уми Маскав ва кулли Русияро, таври маъмул, се бор дар тахти пешвои калисои оротодокс ё православии рус шинонданд ва ҳар бор метрополитҳо нидои "Аксиос!", яъне “Лоиқ аст!” баланд мекарданд.

Метрополити Смоленск ва Калининград Кирилл 27 январ дар натиҷаи райъдиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои Калисои ортодокси рус Асқафи Маскав ва кулли Русия интихоб шуд. Баъди даргузашти Асқафи пешин Алексии дуввум дар рӯзи 5 декабри соли гузашта, метрополит Кирилл ҷойгузини ӯ интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG