Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари тоҷик Мирҷамол Ғиёсов ғолиби мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гардид.

Давраи 35-уми ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати 165 варзишгар аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Чин ва Русия баргузор шуд.

Муштзани тоҷик Мирҷамол Ғиёсов дар вазни то 69 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, соҳиби медали тилло гашт.

Дар ин мусобиқа, инчунин, 5 варзишгари қирғиз – Мирсаид Қулдошев дар вазни то 48 кг, Омурбек Малабеков (то 51 кг), Урмат Рискелдиев (то 64 кг), Чингиз Бобашев (то 81 кг), Дониёр Алимҷонов (то 91 кг) - ва се намояндаи Узбакистон – Баҳром Хидиров (то 54 кг), Рустам Мустанов (то 57 кг) ва Умед Салаев (беш аз 91 кг) - ҷойҳои аввалро касб карданд.
XS
SM
MD
LG