Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ: Интихобот пирӯзии ҳама ироқиҳост


Дар Ироқ баршумурдани варақаҳои райъ дар интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ идома дорад. Ба иттилоъи расмӣ, натоиҷи интихобот рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки барои нахустин бор баъди шурӯъи ҷанг дар Ироқ дар ин маърака теъдоди бузурги шаҳрвандон, аз ҷумла, суннимазҳабҳо ширкат кардан - панҷ сол қабл онҳо аз райъдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ сарпечӣ карда буданд.

Интихоботи мақомоти маҳаллӣ рӯзи шанбе зери тадобири шадиди амниятӣ сурат гирифт ва, ба гуфтаи мақомот, вазъ дар кишвар он рӯз комилан ором буд. Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ интихоботро “пирӯзии ҳама ироқиҳо” арзёбӣ намуд. Дар ин маърака барои дарёфти 440 курсӣ дар шӯроҳои маҳаллӣ беш аз 14 ҳазор нафар талош карданд.

Барак Обама, президенти ИМА, изҳор намуд, ки ин интихобот гоми муҳимест дар роҳи вогузоштани масъулият барои фардои Ироқ бар дӯши худи ироқиҳо.
XS
SM
MD
LG