Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ҳамла ба корвони мошинҳо дар Афғонистон


Дар канори шаҳри Кобул як маргталаб талоши ҳамла ба корвони мошинҳои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ кард. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса, ба ҷуз худи маргталаб, касе кушта нашудааст ва фақат се сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифтааст.

Рӯзи шанбе дар канори шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби кишвар, бар асари таркиши майн як низомии канадагӣ ба ҳалокат расид. Аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон то имрӯз 108 сарбоз аз Канада ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG