Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш боиси ҳалокати сад сокини Кения шуд


Дар Кения бар асари оташсӯзӣ ва таркиш баъд аз садамаи як мошини ҳомили маводи сӯхт тақрибан сад нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мошини ҳомили маводи сӯхт дар як шоҳроҳ чаппа шуд ва бензини он аз замин рехт. Садҳо сокинони маҳаллӣ барои ҷамъ овардани маводи сӯхт ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Бо сабабҳои номаълум оташсӯзӣ ба амал омад ва дар пайи он инфиҷори мудҳиш рух дод, ки мунҷар ба ҳалокати теъдоди бузурги одамон гардид. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тақрибан 150 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG