Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав намеравад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё (ЕврАзЭС) ширкат нахоҳад кард. Қарор аст ин ду нишаст бо ширкати сарони кишварҳои узв рӯзи 4 феврал дар Маскав баргузор шавад. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки “дар даҳаи аввали моҳ ягон сафари хориҷии раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҳрезӣ нашудааст”. Ӯ худдории сарвари кишвар аз ширкат дар нишастҳои Маскавро бо бӯҳрони энерҷӣ дар Тоҷикистон марбут кардааст.

Дар ҳамин ҳол аз сафорати Русия дар Душанбе ба хабаргузорӣ иттилоъ додаанд, ки рӯзи ҷумъа вазорати хориҷаи Тоҷикистон ширкати раисиҷумҳур дар нишастҳои Маскавро таъйид карда буд. Айни ҳол маълум нест, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои соҳили Балтик низ ба таъхир меуфтад ё на. Ин сафари расмӣ бояд рӯзи 8 феврал шурӯъ шавад.

Тайи 15 соли ахир Эмомалӣ Раҳмон аз ширкат дар ягон нишасти сарони Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва созмонҳои минтақаӣ сарпечӣ накарда буд.

XS
SM
MD
LG