Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзад ба президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Ба иттилоъи раиси феълии Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев, номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпӣ дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КМО, ки 31-уми январ дар қароргоҳи ин кумита дар шаҳри Душанбе доир гардид, пешбарӣ шуд.

Б. Раҷабалиев афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ягона номзад ба ин вазифа мебошад. Бар асоси Оинномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, президенти нави КМО барои чаҳор сол (2009-2012) дар Ассамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, интихоб мешавад.


Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG